Қадрдонии мутахассисон дар Рӯзи ҷаҳонии метрология

Май 20, 2013 16:47

Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). –Сар аз соли 2001 ҳамасола дар ҷаҳон 20 май ҳамчун Рӯзи метрология қайд мегардад. Ба ин муносибат имрӯз, 20 май дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию назариявӣ дар мавзӯи «Метрология ва таъмини метрологӣ: рушди метрология дар даврони соҳибистиқлолӣ» доир гардид. Дар он мутахассисони Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ва намояндагони ин соҳа аз идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, аз қабили ҶСКХ «Барқи тоҷик», КВД «Ширкати алюминии тоҷик» иштирок намуданд. Маврид ба ёдоварист, ки Рӯзи касбии метрологҳо бо назардошти имзои Конвенсияи метрӣ 20 майи соли 1875 дар Париж бо пешниҳоди ЮНЕСКО аз соли 2001 инҷониб таҷлил мегардад. Дар Агентии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки иштирокдорони конфронс мавзуъҳои марбут ба метрологияро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба таърих ва роҳҳои рушди соҳа маърӯза карданд.Дар фарҷом собиқадорони соҳа барои саҳмашон дар рушди метрология аз ҷониби «Тоҷикстандарт» бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Май 20, 2013 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш