Қочоқчиён дастгир шуданд
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар»). – Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи ҷинояткорро, ки дар қаламрави вилоят ба фурӯши нашъаовар машғул буд, ҷилавгирӣ намуд. Мувофиқи хабари Агентии назорати маводи нашъаовар, ҳангоми амалиёти фаврии кормандони раёсат се нафар, ки ба фурӯши бангдона дар ҳудуди вилоят машғул буданд, дастгир шуданд. Ду нафари онҳо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров мебошанд. Алҳол муқаррар шудааст, ки сокини 36 — солаи шаҳри Хуҷанд, ки қаблан тибқи моддаи 237 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳабс шуда буд, ташкилкунандаи ин гурӯҳи ҷинояткор мебошад. Мувофиқи маълумоти манбаъ, дар ҷараёни тафтиши манзили ин шахс миқдори муайяни бангдона пайдо ва мусодира гардид. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






