12 гектар замин барои бунёди иншооти варзишӣ
Шӯрообод, 27 май. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шӯрообод баҳри дастгирии ҷавонон ва дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намудани онҳо, инчунин ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш пайваста кӯшиш ба харҷ дода, ба ҷавонон шароиҳои лозимӣ фароҳам меоранд. Раиси ноҳия Амирхон Икромов гуфт, ки бо ин мақсад дар айни ҳол барои бунёд намудани маҷмааҳои варзишӣ дар маркази ноҳия ба миқдори 12 гектар замин чудо шудааст, ки корҳои лоиҳакашии он идома доранд. Дар давоми солҳои охир барои рушди соҳаи варзиш дар ноҳия 1 толори варзишӣ ва беш аз 20 адад майдончаи варзишӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






