Ҳалокати се нафар дар ноҳияи Бохтар
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Бохтар бар асари садама 3 нафар ҳалок гардид.Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ВКД хабар медиҳад, дирӯз ронандаи мошини тамғаи «Daewoo Nexia» Хуршед Гулов ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Қурғонтеппа ба тарафи ноҳияи Ҷ.Румӣ дар километри 106-уми ҳудуди деҳаи Ленини ноҳияи Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои трактори тамғаи «МТЗ-100», бе рақами давлатӣ, таҳти идораи тракторчӣ Муҳаммадалӣ Саидов бархӯрда, ба заҳбури обгузари тарафи рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа ронандаи мошини «Daewoo Nexia» ва мусофиронаш Баҳодур Саидов, соли таваллудаш 1984 ва Илҳомиддин Сангов, соли таваллудаш 1983, сокинони ноҳияи Вахш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари мошини мазкур Шоҳрух Ҳакимов, соли таваллудаш 1984 ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






