Ҳамкории Тоҷикистону Туркия густариш меёбад
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар ҷараёни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо ҳайати Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия бо роҳбарии Абдулло Сели ва муовини ӯ Нозим Оқсой масоили рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни Тоҷикистону Туркия мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Абдулло Сели дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия ҷонибдори рушду густариши муносибатҳои байни соҳибкорону тоҷирони Туркия ва Тоҷикистон аст. Мавсуф ҳамчунин дар бораи равобити сершумори аҳли тиҷорат ва намоишгоҳҳои Туркия, ки дар Тоҷикистон борҳо доир шудаанд, нақл кард. Ҷонибҳо ҳамчунин имконияти ҷалби сармоядорони Туркия ба ҳамкорӣ бо минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва масоили ташкили Суди ҳакамии соҳибкорони Тоҷикистону Туркияро мавриди муҳокима қарор доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






