Ҳамоиши ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
Душанбе, 28 май (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рӯз дар шаҳри Бишкек ҳамоиши ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид.Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Тоҷикистон, Русия ва Қазоқистону Қирғизистон ба ҳам омаданд.Дар нишасти ғайрирасмӣ масоили вобаста ба рушди ҳамгироӣ барои таҳкими амнияти минтақавӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба мувофиқасозии тадбирҳои муштарак вобаста ба дурнамои авзои Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар дар соли 2014 зоҳир гардид.Сарони давлатҳо омодагии худро ба мусоидат ба таҳкими амният дар марзҳои ҷанубии манотиқи зери масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон таъкид доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






