Ҳаракати «Корвони китоб»
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). -Ҷиҳати мукаммал гардонидани фонди китобхонаҳои давлатию оммавии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 май то 28 июни соли 2013 тавассути ҳаракати «Корвони китоб» ба таври ройгон 20 ҳазору 958 нусха китоб ба маблағи беш аз 156 ҳазор сомонӣ дастрас менамояд. Тавре ки сардори дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг Мирзоалим Олимов иттилоъ дод, аз ҷумла ба вилояти Суғд 5 ҳазору 396 нусха китоб, ба вилояти Хатлон 8 ҳазору 160 нусха, ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 2 ҳазору 880 нусха ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 ҳазору 522 нусха китоб дастрас мегардад.Ҳамзамон Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки шоирону нависандагон ва муаллифони китобҳо вохӯрию маҳфилҳои адабӣ гузаронида, ярмарка — фурӯши минтақавии китобҳои тозанашри солҳои охирро ташкил менамояд.Хатсайри ҳаракати «Корвони китоб» ва баргузории ярмарка — фурӯши минтақавии китобҳои тозанашр аз 25 май то 1 июн дар вилояти Суғд, аз 3 то 10 июн дар вилояти Хатлон, аз 12 то 19 июн дар ВМКБ ва аз 21 то 28 июн дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






