ҲХДТ сатҳи дониши ҷавононро баланд мебардорад

Май 20, 2013 14:08

Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Чанде пеш дар кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими ботантанаи супурдани шаҳодатномаҳо ба хонандагони курсҳои такмили ихтисос баргузор гардид. Тавре ки аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 49 нафар коргарону донишҷӯёни курсҳо шаҳодатнома гирифтанд. Мувофиқи суханони мудири шӯъбаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов, иштирокдорони курсҳо дар муддати се моҳ гузоришҳоро марбут ба бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ шунида, ҳамчунин бо санадҳои қонунгузории ҶТ ва муоҳидаҳои байналмилалӣ шинос шуданд.Курсҳои таълимӣ ҳар сол бо ибтикори ҲХДТ ба манзури баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон роҳандозӣ мешаванд. Соли гузашта 50 нафар ҷавонон курсҳои зикршударо хатм карданд.

Май 20, 2013 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд