Ҳунарнамоии варзишгарони маъюби тоҷик дар Италия
Душанбе,22 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Шоми дирӯз, 21-уми май ду варзишгари маъюби тоҷик барои иштирок дар мусобиқаи махсус оид ба вазнбардорӣ ва дастхобонӣ, ки аз 24-ум то 29-уми майи соли равон миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор мегардад, ба Италия сафар карданд.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар хабар доданд, мусобиқаи мазкур оид ба бочче аз рӯи барномаи Олимпиадаи махсус доир мешавад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур ду варзишгар- Ҳасан Хоҷаев ва Зуҳро Холматова таҳти роҳбарии мураббӣ Абдукарим Аҳмедов муаррифӣ мекунанд.Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи мазкур барои варзишгарони имконияташон маҳдуд дар риштаҳои гуногуни варзиш ҳамасола дар кишварҳои Авруосиё гузаронида мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






