Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия
Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия рӯзи 8 май дар Душанбе баргузор гардид. Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов барои мусоидат ва дастгирии ислоҳоти милитсия ба созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, ба сафирони фавқулодда ва мухтори ШМА, Германия, Франсия, Комиссияи Аврупо ва намояндагони сафоратҳои Федератсияи Русия, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой изҳори сипос намуда, зикр кард, ки «Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кӯшишҳоро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон равона намуда, тамоми тадбирҳоро бар зидди таҳдидҳои муосир меандешад.«19 марти соли ҷорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи ислоҳоти милитсия, ки мо дар он кӯшиш намудем, таҷрибаи мусбати дигар давлатҳоро оид ба ин масъала ворид намоем, тасдиқ шуд. Дар айни замон, корҳо оид ба коркарди Барномаи рушди милитсия, ки дар он чорабиниҳои мушаххас оид ба амалисозии Стратегия ворид карда хоҳанд шуд, идома дорад»,-зикр намуд Р. Раҳимов .Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Бюрои САҲА дар Тоҷикистон Марко Мюллер, корманди масъалаҳои мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бюрои САҲА дар Тоҷикистон Улф Биллвинг ва муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Зумрад Солиева оид ба татбиқи Стратегияи ислоҳоти милитсия ибрози андеша намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






