Ҷаласаи Шӯрои нерӯи барқи СММ

Май 24, 2013 11:40

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз, 24 май, дар шаҳри Бишкек ҷаласаи 44 — уми Шӯрои нерӯи барқи СММ ба кораш шурӯъ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа ҳайат бо роҳбарии муовини раиси Ширкати саҳҳомии холдингии «Барқи тоҷик» Абдулло Қурбонов намояндагӣ мекунад. Дар ин бора роҳбари дафтари матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. Дар ҷараёни ҷаласа Абдулло Қурбонов дар бораи рушди бахши нерӯи барқи Тоҷикистон ва масоили ҷории ҷаласа маърӯза кард. Тавре ки дар сомонаи расмии Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар дода мешавад, аъзои Шӯро вазъи рушди нерӯи барқи Қирғизистон ва натиҷаи кори низоми энергетикии давлатҳои Иттиҳод дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012 ва 2013 – ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Ғайр аз ин баррасии масоили мубрами фаъолияти системаҳои нерӯи барқи давлатҳои аъзои ИДМ ва ҷараёни тарҳрезии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таъмини интиқоли нерӯи барқ байни системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон дар назар аст.Дар ҷаласа ба фаъолияти созмонҳои оид ба тарбияи кадрҳои бахши нерӯи барқи давлатҳои аъзои ИДМ, ҳамчунин ҷиҳатҳои ҳамкории Шӯрои нерӯи барқи ИДМ бо Бонки рушди АвруОсиё ва созмонҳои дигари байналмилалӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.

Май 24, 2013 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд