Ҷаласаи Ситоди амалиёти «Кӯкнор – 2013»

Май 17, 2013 10:55

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар ҷаласаи якуми Ситоди амалиёти «Кӯкнор – 2013», ки таҳти раёсати муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовар Вайсиддин Азаматов баргузор гардид, масъалаи вусъат бахшидани назорати ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.Бо мақсади ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовар дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия, дар ҷаласа бо назардошти ҷалби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нақшаи муштарак тарҳрезӣ шуд.Дар ҷаласа зикр гардид, ки бояд дар асоси нақшаи муштарак кори ҷустуҷӯи фаврию тавзеҳотӣ пурзӯр намуда, ҳамчунин ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратии Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия густариш дода шавад. Тавре ки маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа ҳамчунин масоили дорои хусусияти ташкилӣ ҷиҳати роҳандозии амалиёти «Кӯкнор — 2013» ҳамчунин ҳамкории вазорату идораҳои марбута мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар кори ҷаласа намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, фарҳанг ва тандурустӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумат, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Май 17, 2013 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад