Ҷалби ҷавонон ба варзиш
Шӯрообод, 14 май. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Шӯрообод бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш ва ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намудани ҷавонон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ба гуфти раиси ноҳия Амирхон Икромов дар ин давра варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби 3 медали тилло, 5 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ноҳия як толори варзишӣ ва 60 майдонча дар хизмати ҷавонон қарор дошта, инчунин як мактаби варзишии кӯдакону наврасон, як варзишгоҳи марказӣ амал карда, дар онҳо 17 нафар мураббӣ аз рӯи 7 намуди варзиш фаъолият дошта, 436 нафар наврасону ҷавонон ба варзиш ҷалб шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






