Ҷамъбасти ҳафтаи ҷавонон дар Кӯлоб
Кӯлоб, 23 май. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Чорабиниҳо бахшида ба ҳафтаи ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб бо дави миллӣ оғоз гардиданд. Дар дави миллӣ беш аз ҳафт ҳазор нафар сокинони шаҳру ноҳия ширкат варзиданд. Дар маҷлиси тантанавӣ раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов зикр кард, ки бо мақсади фаъолтар гардидани мавқеи ҷавонон дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр, беҳтар намудани шароитҳои таҳсилу фаъолияти ҷавонон чандин қарори раиси шаҳр ба тасвиб расиданд.Аз ҷумла? бо қарори раиси шаҳр «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2013-2015» қабул шудааст, ки ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ ҷиҳати ташаккули шахсият ва дастгирии ҷавонон нигаронида шудааст. Аз тарафи мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон сохтмону навсозии иншооти варзишӣ роҳандозӣ гардид. Ин имкон дод, ки соҳа рушд ёбад ва дастовардҳои варзишгарони шаҳр боиси ифтихори на танҳо шаҳр, балки вилояту ҷумҳурӣ гардад.Алалхусус, дастаи футболи «Равшан» соли 2012 бори аввал дар таърихи футболи тоҷик сазовори медалҳои тиллои чемпионат ва Ҷоми махсуси мамлакат шуд.Ҳоло дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 5 мактаби варзишии кӯдакону наврасон, 1 варзишгоҳи марказӣ, 67 майдончаи варзишӣ, 54 толори варзишӣ амал мекунад, ки дар онҳо 51 нафар мураббӣ аз рӯи 13 намуди варзиш дар 94 гуруҳ фаъолият намуда, ба зиёда аз 3546 нафар наврасону ҷавонон машғулият меомӯзонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






