Ҷашни камолоти омӯзгор
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Ба ифтихори 70-умин солгарди мутарҷими маъруф, устоди факултаи забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, профессор Парвона Ҷамшед 30-юми май дар таълимгоҳи мазкур зери унвони «Забон нишони миллат» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Тавре ки котиби матбуотии донишгоҳи мазкур Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар расми ифтитоҳи конфронс, ки соҳибҷашн Парвона Ҷамшед ва шогирдони мавсуф аз дигар макотиб ширкат доштанд, ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов дар мавзӯи «Нақши Парвона Ҷамшед дар тарбияи олимони кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ» маърӯза намуд. Ӯ зимни суханронии хеш пиромуни паҳлуҳои мухталифи фаъолияти П.Ҷамшед изҳори андеша карда, мавсуфро яке аз саҳмгузорони факултаи забони англисӣ дар самти омоданамоии кадрҳои баландихтисос арзёбӣ намуд.Дар идомаи конфронс профессор П.Ҷамшед ба саҳифаҳои зиндагиномаи худ дида андӯхта, зикр кард, ки донишҷӯён бояд ҳамеша ба илмомӯзӣ машғул гарданд. Набояд мушкиле садди роҳи донишандӯзӣ шавад. Парвона Ҷамшед ҳамчунин омӯзиши забони англисиро дар замони ҷаҳонишавӣ ҳатмӣ ва муҳим арзёбӣ карда, бо таъкидҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ андешаашро тақвият бахшид.Дар конфронс инчунин ду маърӯзаи дигар дар мавзӯоти «Қоидаҳои тағйир додани ҷумлаҳо дар нутқи айнан нақлшуда ва мазмунан нақлшуда дар забонҳои англисӣ ва русӣ» ва «Омӯзиши муқоисавии забонҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд.Дар фарҷоми ҷамъомад Парвона Ҷамшед бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






