Ҷашнвора — озмуни «Сурудҳои ҳарбию ватандӯстона»
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Тайи як ҳафта дар намояндагии Донишгоҳи технологии шаҳри Исфара як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ шудаанд. Аз ҷумла, бо дастгирии Консулгарии Русия дар Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ҷашнвора — озмуни «Сурудҳои ҳарбию ватандӯстона» баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, иштирокдорони озмун композитсияро дар мавзӯи ватандӯстӣ, сулҳ ва ваҳдат намоиш доданд. Ғайр аз ин дар ин ҷо вохӯрии донишҷӯён бо кормандони маркази тансиҳатии шаҳри Исфара дар мавзӯи «Модари солим — фарзанди солим» баргузор гардида, зимни он дар бораи тарғиби тарзи солими зиндагӣ сухан карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






