Ҷавобгарӣ барои бемасъулиятӣ
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар»).-Дар иртибот ба ҳодисаи садамаи нақлиётие, ки рӯзи 28-уми апрели соли 2013 дар километри 144-ум роҳи автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Данғара, наздикии деҳаи Қаюмобод, ба вуқуъ омада, боиси марги 8 нафар шаҳрванд гардид, мутобиқи супориши вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ҷараёни фаъолияти хизматии ШБДА қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб мавриди санҷиш қарор дода шуд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хунукназарӣ ва беэътиноӣ зоҳир намудан нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ, рафти хизмати ҳайати шахсиро беназорат гузоштан, ки он боиси таъмин накардани бехатарии ҳаракат дар роҳ гаштааст, командири дастаи хадамоти роҳбонию дидбонии ШБДА қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб, капитани милитсия Имомов Насим Ҷӯрахонович аз вазифаи ишғолкардааш озод карда шуд.Инчунин барои дар сатҳи паст қарор додани фаъолияти назоратию ташкилӣ аз болои рафти хизмати ҳайати шахсӣ, ки дар натиҷа таъмини тартибот ва амнияти бехатарии иштирокчиёни ҳаракати роҳ коста гардидааст, ба сардори шуъбачаи БДА қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб, майори милитсия Фозилов Дилшод Хушқадамович ҷазои интизомӣ дар намуди танбеҳ эълон карда шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






