Ҷоннисорӣ барои хушбахтии ояндагон
Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 8 майи соли равон дар Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» бахшида ба 68- солагии Ғалаба бар фашизм чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси кумита Маликшо Неъматов, собиқадорони ҷанг ва ҷавонон доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси кумита Маликшо Неъматов аз ҷасорату далерӣ ва корномаҳои абармардони миллат дар набард бо фашизм ёдовар шуда, ҷавононро даъват намуд, ки дар масири ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан ҳамеша талош кунанд. Неъматов тазаккур дод, ки дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазорҳо фарзандони Тоҷикистон иштирок кардаанд, ки қисме аз онҳо дар майдонҳои ҳарбу зарб шаҳид гардида, барои ояндаи инсоният, барои хушбахтии имрӯзаи мо ҷони худро нисор кардаанд. Барои мо қаҳрамонию шуҷоату мардонагии онҳо шарафу ифтихор аст.
Иштирокчиёни ҶБВ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти кумита изҳори сипос намуда, аз лаҳзаҳову муҳорибаҳои давраи ҷангӣ ёдовар шуда, ҷавононро ба мусоидат дар таъмини ҳаёти осоиштаю ором, ҳимояи марзу буми ватан ҳидоят намуданд.Дар хатми чорабинӣ 14 нафар собиқадорон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






