74 шикояти шаҳрвандон ба вазири корҳои дохилии кишвар
Душанбе,8 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)-Дар моҳи апрели соли равон ба телефони боварии вазири корҳои дохилии кишвар 74 шикояти шаҳрвандон ворид шудааст, ки аксари онҳо барои бемасъулиятӣ ва ба таври зарурӣ иҷро нагардидани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони милитсия мебошад.Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доштанд, аксари шикояти воридгардидаи шаҳрвандон далелҳои зиёде буданд, ки мавриди санҷиши дақиқ қарор гирифта, натиҷаи санҷиш ба арзкунандагон ба таври хаттӣ ва расман посухҳо ирсол шуданд. -Ин алоқаи боэътимод бо мардум аллакай самараи худро дода истодааст ва тавассути он даҳҳо ҷиноятҳо ошкору пешгирӣ ва адолати иҷтимоӣ барқарор карда шуда, садҳо шаҳрвандон ба ҳалли мушкилоте, ки муддатҳои тӯлонӣ кушода нашуда буд, комёб гардида, миннатдории худро ба вазири корҳои дохилӣ иброз намуданд, менависад манбаъ.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






