80 маърӯза ба ифтихори 80-солагӣ
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бо ибтикори садорати факултаи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бахшида ба 80-солагии номзади илмҳои педагогӣ, профессор Фатҳия Икромова 16-уми майи соли ҷорӣ дар толори таълимгоҳи мазкур конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти муосири тайёрии касбии методии муаллими синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳои олии педагогӣ» баргузор гардид. Дар конфронс академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон М.Лутфуллоев, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Муҳиба Яқубова, шоир М.Холиқзода ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.Ректори донишгоҳ, Абдуҷаббор Раҳмонов зикр намуд, ки зиндагӣ ва фаъолияти профессор Фатҳия Икромова пурсамар буда, сазовори омӯзиш ва пайравӣ мебошад. Ӯ 80 соли умри пурбаракати хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас ва ҳамзамон тадқиқоти илмӣ дар соҳаи педагогика намудааст.Дар ҷамъомад ҳамчунин М.Лутфуллоев, М.Яқубова, А.Нуров ва чанд тани дигар пиромуни паҳлуҳои ибратомӯзи зиндагию фаъолият ва корҳои илмии соҳибҷашн сухан гуфтанд.Сипас, конфронс кори худро дар чор бахш идома дод, ки дар онҳо аз ҷониби олимони илми педагогика 80 маърӯза қироат гардид. Дар ин бора котиби матбуотии Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим хабар дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






