Абармарди соҳаи маорифи кишвар даргузашт
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар»).-Вазорати маорифи кишвар бо андуҳи бепоён иттилоъ медиҳад, ки яке аз маорифчиёни шинохта, арбоби давлатӣ ва ҳомии илму маърифат, Корманди шоистаи Чумҳурии Тоҷикистон Сатторов Абдуҷаббор Сатторович аз олам чашм пӯшид. Абдуҷаббор Сатторов пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба сифати омӯзгор дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Фархор ба фаъолият шуруъ намуда, баъдан то ба вазифаҳои масъули муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати мактабҳои олии вазорати маориф, ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон расидааст. Марҳум Абдуҷаббор Сатторов ба замми иҷрои вазифаҳои баланди давлатӣ, инчунин ба кори илмӣ низ машғул шуда, аз худ 10 монография, 3 китоби дарсӣ ва даҳҳо мақолаҳои илмиву оммавӣ боқӣ гузоштааст.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






