Абдураҳим Алиев: “Ман дигар узви гуруҳи ташаббускор нестам!”
Душанбе, 18 май. (АМИТ “Ховар”). — Абдураҳим Алиев бо пешниҳоди ариза ба унвони роҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби номнависнашудаи “Тоҷикистони нав” Зайд Саидов хоҳиш намудааст, ки ӯро аз гуруҳи ташаббускор хориҷ намоянд. Ҳамчунин, А. Алиев дар аризаи худ ҷиҳати баромадан аз Ассотсиатсияи “Истеҳсолотчиён ва соҳибкорони Тоҷикистон” таъкид кардааст.Мавриди зикр аст, ки чанд рӯз қабл узви дигари гуруҳи ташаббускор Ҷамшед Ҳафизов — муовини Директори ширкати “Тоҷиксохтмон-Байналмилал” барои қатъи фаъолияти худ ҳамчун узви гуруҳи ташаббускори ҳизби номнависнашудаи “Тоҷикистони нав” расман изҳорот пешниҳод намуда буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






