«Абрешим» солона 200000 либоси мактабӣ истеҳсол мекунад

Май 17, 2013 14:15

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода барои шиносоӣ бо ҷараёни насби таҷҳизоти нав аз корхонаи «Текстил — сити» ва «Нассоҷи Хуҷанд»- и ҶСК «Абрешим» дидан кард.  Бар пояи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилоят Қоҳир корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» дорои дастгоҳҳои шонакунӣ, ҳаллоҷӣ, пилтаресиву ресандагӣ буда, дар он 300 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд ва дар сурати анҷоми насби таҷҳизоти муосир сар аз моҳи июн боз 1100 нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд. Раиси вилоят ҳамчунин аз коргоҳи либосдӯзии шаҳраки саноатии ҶСК «Абрешим» боздид ба амал овардааст ва гуфта мешавад дар ин коргоҳи либосдӯзӣ либосҳои мактабиву ҳарбӣ ва либосҳои маъмулӣ аз матои омодакардаи корхонаҳои “Текстил сити” ва “Нассоҷи Хуҷанд” бо сифати баланд истеҳсол мешаванд. Манбаъ афзудааст, ки миқдори солонаи истеҳсоли либос дар ин корхона 200 ҳазор дона буда, он ба бозори дохилӣ бароварда мешавад.

Май 17, 2013 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад