Адибон—тарғибгарони Паёми Президент
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Имрӯз дар Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Паёми меҳру имону садоқат» баргузор гардид, ки дар он адибону муҳаққиқони кишвар иштирок доштанд. Маҳфилро Раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ оғоз бахшида, Паёми Президентро раҳнамои пешбурди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар хонд ва зикр намуд, ки адибони тоҷик дар тарғиб ва ба мардум фаҳмонидани Паёми Президент аз тариқи телевизиону радио ва матбуот саҳмгузор ҳастанд.Баъдан профессор Ҷовид Муқим дар мавзӯи «Нақши очерк ва публитсистика дар ташаккули афкори ҷомеа» ва намояндаи масъули Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзӯи «Пешгирии коррупсия—масъалаи мубрами рӯз» маърӯза карданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






