Ахбори муҳимтарини рӯз
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар»).-Барак Обама, Президенти ИМА имрӯз ба Мексика сафар карда, бо ҳамтои мексикоии худ Энрике Пеней Нето мулоқот мекунад. Мақсади сафарашро Обама баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ унвон кардааст. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Дастаи «Барселона» дар бозии ҷавобии даври нимниҳоии «Лигаи чемпионҳо» низ аз дастаи «Бавария»- и Олмон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Акнун дар бозии ниҳоии ин мусобиқа ду дастаи олмонӣ—«Бавария» ва «Боруссия» вориди сабқат мешаванд. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Як муассисаи хайриявӣ, ки масоили кӯдаконро баррасӣ мекунад, гуфтааст, ки Ироқ бадтарин кишвар барои зиндагии кӯдакон аст.— — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ҳафтаи оянда ба Маскав меояд ва бо намояндаҳои воломақоми рус масоили Сурия, Ирон ва нишасти G8 –ро баррасӣ мекунад. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Вазири корҳои хориҷии Арманистон гуфтааст, кишвараш дар Шветсия сафоратхонаи худро ифтитоҳ мекунад. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — ———————— Дирӯз киштии ҷангии Русия— «Азов» вориди бандари Ҳайфии Исроил шудааст. Бархе коршиносон инро ба номуътадил шудани вазъ дар Сурия нисбат медиҳанд.Тарҷумаи Б. Муродов








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






