Ахбори муҳимтарини рӯз
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар»).-Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ имрӯз бо сафари расмӣ вориди Маскав шуда, дар назар аст, бо Президенти Русия Владимир Путин ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сергей Лавров масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва ба эътидол овардани вазъи Сурияро мавриди баррасӣ қарор диҳад. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Арабистони Саудӣ аз Шӯрои амниятии СММ хостааст, то ҳарчӣ зудтар зарбаҳои ҳарбии Исроилро ба марзи Сурия пешгирӣ намуда, кафолат диҳад, ки ин ҳолат дигарбора такрор намешавад. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — -Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷониби ошӯбгарони Сурия истифода шудани силоҳи кимиёвиро бардурӯғ хонд.- — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Вазири молияи Афғонистон гуфтааст, чанде аз аъзои парлумони кишвараш дар қочоқи маводи мухаддир даст доранд.- — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Тайёраҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ба зарардидагони заминларзаи Чин 57 тонна кӯмаки башардӯстона бурданд.- — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — -Соли гузашта дар Белгия 1141 тарабхона ва 804 қаҳвахонаву меҳмонхонаҳо муфлис шуданд. Тарчумаи Баҳманёр Муродов








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






