Аксияи «Насли созанда» бахшида Ба Рӯзи ҷавонон
Душанбе,23 май.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Даҳ рӯзи ҷавонони шаҳри Душанбе» ба муносибати «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» дар Боғи устод Рӯдакӣ аксияи «Насли созанда» — «Рўзи ҷавонони Тоҷикистон» баргузор гашт. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур Боймурод Боев иттилоъ дод, аксия бо дастгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур роҳандозӣ гардид. ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур кулли ҷавонони ҷумҳуриро бо «Рўзи ҷавонони Тоҷикистон» табрику таҳният намуда ба онҳо иқболи нек ва фатҳи қуллаҳои баландро таманно менамояд. Ҷавонон нерӯи бузурги давлат ва миллат мебошанд. Маҳз имрӯзу ояндаи Ватану миллат, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ба онҳо вобастагии калон дорад. Фарҳанг ва донишу заковати ҷавонони имрӯзаи мо дар сатҳи намоён қарор дорад. Ҷавонони мо имрӯз бо тамоми технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ амал мекунанд, пайваста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои компютерӣ машғул мешаванд ва донишу малакаи худро ҳамеша тақвият мебахшанд. Инак 23 май дар ҷумҳурӣ «Рўзи ҷавонон» ботантана ҷашн гирифта мешавад. Бо ин рӯз мехоҳем ба кулли ҷавонони кишвар, барои меҳнати эҷодкоронаашон, заковату зеҳни пурқувваташон, фарҳанги ориёияшон ва баҳри саҳмгузориашон дар рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пеш аз ҳама саломатӣ, осмони софу хонаи обод, мувафақиятҳои беназири эҷодӣ, сарбаландиву некномӣ ва фатҳи қуллаҳои баландро таманно намоем. Идатон муборак ҷавонони саодатманд ва созандагони фардои кишвар!








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






