«Амонатбонк» майдончаи варзиширо ба истифода дод
Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар»).- Бонки давлатии «Амонатбонк» майдончаи варзиширо ба истифода дод .Тавре ки сомонаи расмии бонки мазкур хабар медиҳад, ба истифода додани майдончаи варзишӣ бо шароти лозимӣ ва панҷсад ҷои нишаст ин аз мардумӣ будани «Амонатбонк» ва бо мардум будани он дарак медиҳад. Ин майдончаи варзишӣ дар ҳаҷми беш аз 1миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Дар расми кушоиши майдонча раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов, раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зафар Сафаров, мудири шуъбаи ҷавонон, варзиш ва туризми дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Мирсаидова ва Дилшод Қурбонов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати шаҳри Душанбе ширкат доштанд. Гулнора Ҳасанова ҳозиринро бо кушоиши майдончаи варзишӣ ва ободу зебо шудани як гӯшаи шаҳр табрик намуда, аз дастовардҳои бонк ва иҷрои супоришҳои Сарвари давлат барои ободиву зебоии ин марзу бум сухан гуфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






