Анҷоми озмуни «Нигоҳи нав»
Душанбе, 22 май (АМИТ «Ховар»,Баҳманёр Муродов).- Имрӯз дар Театри давлатии русии драмавии ба номи Маяковский маросими хотимавии дуюмин ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон — «Нигоҳи нав» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Арҷманди Раҳматулло, масъули бахши хабарии ин ҷашнвора иттилоъ дода, гуфт, ки дар ҷашнвораи имсола 10 гуруҳи ҷавонони эҷодкор намоишномаҳои худро дар толори Театри давлатии русии драмавии ба номи Маяковский ба маърази тамошо гузошта, ҳамчунин дастандаркорони ин ҷашнвора дар доираи барнома суҳбатҳои ҳунармандони ҷавонро бо шахсиятҳое маъруфе, чун Темур Зулфиқоров, Нур Табаров, Марат Орипов, Қурбони Собир баргузор намуданд. Арҷманди Раҳматулло афзуд, ки сатҳи баргузории ҷашнвораи имсолаи «Нигоҳи нав» қаноатбахш аст, зеро намоишҳои омоданамудаи ҷавонон қобили таваҷҷуҳ буданд. Бегоҳи имрӯз, 22-уми май ҳайати ҳакамони ҷашнвора беҳтаринҳои «Нигоҳи нав»-и соли 2013-умро муайян ва муаррифӣ менамояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






