Андрус Ансип ба Тоҷикистон ташриф овард

Май 6, 2013 09:45

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло) .- Субҳи имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Андрус Ансипро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов истиқбол гирифт.Бояд гуфт, ки сафари кории Сарвазири Эстония то 8- уми майи соли ҷорӣ идома меёбад.Мулоқотҳои хоссаи ӯ бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар назар дошта шудааст.Ҳамчунин зимни сафари расмии хеш Андрус Ансип дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эстония ширкат меварзад.

Май 6, 2013 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш