Ассотсиатсияи фарҳангии тоҷикони муқими Амрико фаъол шуд
Душанбе,10 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)-Ассотсиатсияи фарҳангии тоҷикони муқими Амрико (АФТМА) саҳифаи худро дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук фаъол кардааст. Саҳифаи мазкур бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар ИМА ва аз ҷониби тоҷикони муқими ин кишвар таъсис шудааст.Инчунин дар ин саҳифа чорабиниҳои миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ассотсиатсия баргузор мешаванд, ҷой дода шудаанд.Ёдрас мешавем, ки феълан ҳудуди 3500 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико умр ба сар мебаранд, ки наздик ба 2 ҳазор нафари онҳоро донишҷӯён ташкил медиҳанд ва дигарон барои фаъолият кардан дар он ҷо ҳузур доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






