Авиаторон рўзи Ғалабаро ҷашн гирифтанд
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Кормандони «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 68- умин солгарди Ғалаба бар фашизмро бо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар якҷоягӣ таҷлил намуданд. Чун анъана ҷамъомади тантанавӣ дар пояи «Муҷассамаи ёдгории ҳавонавардони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокшуда» баргузор гардид. Лола Кенҷаева, котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз номи роҳбарони корхонаҳои авиатсияи гражданӣ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро табрик гуфта, саҳми авиаторонро дар ғалаба бар фашизм қайд намуд. Иштирокчиёни ҶБВ аз ҷониби роҳбарият ва кумитаҳои иттифоқҳои касабаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» қадршиносӣ шуданд.Дар ҷамъомади тантанавӣ дар қатори иштирокчиёни ҶБВ, ҳамчунин иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ва садамаи Чернобил низ қадрдонӣ шуданд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотиифурудгоҳ Маҳмадюсуф Шодиев иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






