Баррасии ҳамкориҳо бо Бонки рушди Авруосиё
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Душанбе вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо роҳбари Намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон Рашид Қодиров баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки дар мулоқот Ш. Раҳимзода изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд ҳамкории бонки мазкур бо вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон сатҳу сифати навро касб хоҳад кард.«Ба ҳайси роҳбари ташкилоти мазкур дар Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ изҳор медорам», — , афзуд дар навбати худ, Р.Қодиров. Иқтисод ва тиҷорат, энергетика ва саноат, инфрасохтор, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз мавзуоте буданд, ки ҷонибҳо дар аснои мулоқот мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии барои тарафайн судманд мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






