Баррасии масоили гендерӣ дар Хуҷанд

Май 15, 2013 10:00

Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Дирӯз, 14 май дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оила ва шуъбаи корҳои дини ҳукумати вилояти Суғд бо иштироки фаъолзанон ва имомхатибони шаҳру навоҳӣ мизи мудаввар оид ба масоили гендерӣ баргузор гардид.Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раъно Бобоҷонова — раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати вилоят ва ҳамзамон гардонандаи суҳбат гуфт, ки ҳадаф аз баргузории чунин мулоқотҳо ҳамкории судманди қишрҳои таъсиррасони ҷомеа барои ҳалли масоили доғи рӯз аст. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки соли 2012 дар қаламрави вилоят 2415 ҳолати ҷудошавии оилаҳо, 260 ҳолати паст кардани синни никоҳӣ, 23 модари ноболиғ ва 1043 модари танҳо ба қайд гирифта шуд, ки ин боиси нигаронист.Ҳамзамон шахсиятҳои маъруфи ҷамъиятиву мазҳабӣ Биҳоҷал Раҳимова, Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, Ибодулло Калонзода, Нодир Одилов, Шуҷоат Ҳасанова, Маърифат Шокирова, Марям Давлатова ва дигарон перомуни мушкилоти имрӯзаи занон, никоҳи бармаҳал ва оқибатҳои иҷтимоии он, барҳамхӯрии оилаҳо, ахлоқи ҷавонон, худкушӣ ва дигар ҷиноятҳо фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, барои пешгирии чунин зуҳурот пешниҳоду тавсияҳои гуногунро ба миён гузоштанд.

Май 15, 2013 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд