Баррасии мушкилоти забони русӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ

Май 15, 2013 10:02

Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо ташаббуси факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ 14-уми майи соли ҷорӣ конфронсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти омӯзиши забони русӣ дар шароити низоми кредитӣ» доир гардид, ки дар он меҳмонон аз дигар макотиби олии мамлакат ширкат варзиданд. Тибқи барнома дар конфронс маърӯзаҳои сершумор, аз ҷумла, «Ташаккул ёфтани асосҳои омӯзиши ду забон-тоҷикӣ ва русӣ», «Омӯзиши дурусти забони русӣ дар дарсҳои амалӣ бо донишҷӯёни туркман» ва «Омӯзиши методҳои инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуданд. Зикр шуд, ки барои омӯзиши забони русӣ фақат назария кофӣ нест, чунки усулҳои нави омӯзиш бояд ба кор бурда шаванд. Иртибот байни фарҳанг ва омӯзиши фарҳангҳо бояд дар амал татбиқ гардад. Ҳамзамон таъкид шуд, ки роҳандозии услуби дурусти назария ва амалияи омўзиши забони русӣ ва ҳамчунин истифодаи инноватсияи педагогӣ аз ҷумлаи мушкилоти бузург дар ин самт ба шумор меравад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуотии донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод.

Май 15, 2013 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад