Баррасии Паёми Президент аз ҷониби занон
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳфили навбатии мубоҳисавию сиёсии занони назди Кумитаи иҷроияи ин ҳизб дар вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он бонувони фаъол Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Дар ин бора сомонаи расмии ҲХДТ иттилоъ дода, афзудааст, ки дар маҳфил мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Ҳамро Атаева ва раиси кумиҷроияи ҳизб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат ва дар суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки бонувони кишвар бояд бо шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ дар иҷрои вазифаҳои пешгузошта, нақшаву ниятҳои неки давлату Ҳукумати кишвар саҳми арзандаву шоистаи худро гузоранд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






