Беҳтар гардидани шароити хонандагон дар Восеъ

Май 8, 2013 09:46

Кӯлоб, 8 май. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Бо ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъмир ва навсозии хобгоҳи мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, баъди таъмири пурра он бо тамоми ашёҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мегардад. Маблағи умумии он беш 4 млн. 600 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Дар айни ҳол дар мактаб – интернат 285 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 120 нафари он дар хобгоҳ бо ҷои хоб таъминанд. Мавриди зикр аст, ки аксари хонандагон сокинони ноҳияҳои Муъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Балҷувон ва дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб буда, дар мактаб –интернат таҳсили илм менамоянд. Гуфта мешавад дар соли ҷорӣ чунин таъмиру навсозӣ дар мактаб-интернатҳои Кангурт,Арал ва шаҳри Кӯлоб низ дар назар дошта шудааст.

Май 8, 2013 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд