Бинои нави 32 ҳуҷрадор дар Муъминобод
Муъминобод, 14 май. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Муъминобод бо сарпарастии Хадамоти назорати техникии ноҳия сохтмони бинои нави хонаи истиқоматӣ оғоз гардид. Мувофиқи лоиҳа бино аз 5 ошёна ва 32 ҳуҷра иборат буда, аз ҷониби ҶДММ «Иҷоракор» — и шаҳри Душанбе ба истифода дода мешавад. Бинобар иттилои директори ҷамъият Тӯйчӣ Каримов дар айни ҳол дар корҳои сохтмонӣ 19 нафар сохтмончӣ ва мутахассисони сохтмонӣ фаъолият дошта, ба қисми таҳрезии бино шуруъ кардаанд. Дар ҳолати ҷараён гирифтани корҳои сохтмонӣ ҷамъият метавонад 50 нафари дигарро ба корҳои сохтмонӣ ҷалб намояд. Мавриди зикр аст, ки барои сохтмони бино аз тарафи Вазорати молияи ҶТ 550 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, аз ин шумора 304 ҳазор сомонӣ барои корҳои тарҳрезии бино масраф гардидааст. Барои пурра ба итмом расонидани сохтмони бино 7 миллион сомонӣ зарур аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






