БИР барои ҷалби ҷавонони мусулмон ба шуғл мусоидат мекунад
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар Форуми дуюми солона оид ба ҷавонон, ки дар доираи баргузории вохӯрии солонаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд барпо гардид, ноиби Бонки Исломии Рушд Аҳмад Тактак гуфт, БИР ба масъалаи ҷалби ҷавонони кишварҳои аъзо ба шуғл ҷиддӣ муносибат менамояд. Ба қавли мавсуф, дар ин самт ҷиҳати татбиқи барномаҳо дар якчанд кишвари аъзо, аз ҷумла Миср ва Тунис 250 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст. Ҳамчунин собиқ вазири рушди байналмилалӣ дар Бритониё Шоҳид Молик оид ба баргузории конфронси байналмилалӣ оид ба рушди нерӯи ҷавонон ва саҳл намудани имконоти шуғли эшон дар ҷаҳони ислом дархост ироа намуд. Тибқи пешниҳоди Шоҳид Молик баргузории чунин конфронс дар самти муколамаи фарогири мавзуоти рушди ҷавонони кишварҳои узви БИР ва ҷалби эшон ба шуғлҳои гуногун нақши муассир хоҳад гузошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






