Боздид аз маркази омӯзишии шоҳи Таиланд доир ба рушд

Май 18, 2013 17:09

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об” аз пойтахти Шоҳигарии Таиланд шаҳри Бангкок ба шаҳри Чиангмай омад.Дар ин шаҳр Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар форуми мазкур иштирок ва суханронӣ карда, бо чанде аз иштирокдорони воломақоми ин ҳамоиш мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.Дар Чиангмай Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба маркази омӯзишии шоҳи Таиланд доир ба рушд ташриф оварда, бо таҷрибаҳои пешқадами кишоварзону ҷангалпарварони ин кишвар бевосита шинос шуд.Тавре иттилоъ дода шуд, 30 сол пеш дар ин мавзеи фарох бо ибтикори шоҳи Таиланд барқарорсозии ҷангалҳои талафёфта ва бунёди ҷангалҳои нав оғоз ёфта будааст. Тайи ин солҳо дар ин ҷо натанҳо ҷангалзор барқарор гардидааст, балки шумораи ҳайвоноту парандагон низ хеле афзудааст. Дар ин ҷо таҷрибаҳои нодире, ки барои бунёди обанборҳои захиравӣ, обёрии қатрагии ҷангалзор, ҳифзи табиат аз сӯхтор тавассути ҳамеша намнок нигоҳ доштани замин, парвариши зироату набототи гуногун, ҳайвоноту парандагони нодир ва ҳамчунин чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва дигар фаъолиятҳои кишоварзӣ андӯхта шудааст, омӯзонда мешаванд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо ба нишони таҳкиму тақвияти дӯстию ҳамкории дарозмуддати миёни Тоҷикистону Таиланд як навниҳоли дарахти оҳанин шинонд.

Май 18, 2013 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад