Боздиди Қоҳир Расулзода аз МОИ «Суғд»

Май 20, 2013 14:03

Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид намуд. Тавре ки аз маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, раиси вилояти Суғд зимни сафараш бо ҷараёни омодагӣ ба мавриди истифода қарор додани иншоотҳо дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ шинос шуд. Қоҳир Расулзода аз майдони истеҳсолии ширкати Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Офарин алюминиум» боздид намуд. Корхонаи мазкур асбобҳои гуногуни алюминӣ ва маводи сохтмонӣ тавлид мекунад. Дар назар аст, ки дар марҳилаи аввал дар ин корхона қариб 70 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда, корхона беш аз 2 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол хоҳад кард. Қоҳир Расулзода аз иншоотҳои дигари Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» низ боздид намуд.

Май 20, 2013 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд