Боздиди Оқил Оқилов аз иншооти муҳими Суғд

Май 22, 2013 16:11

Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар»). — Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти корхонаҳо, низоми иншооти муҳими коммуникатсионию энергетикӣ, аз ҷумла шабакаҳои барқию обрасонӣ ва ҷараёни сохтмони як силсила иншооти дигари хоҷагии халқ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин сафар Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқиловро раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳамроҳӣ намуд.Сафари кории Сарвазири мамлакат аз ҶСК “Фоняғноб” оғоз ёфт. Оқил Оқилов бо куҳканони кони калонтарини ангишт дар ҷумҳурӣ мулоқот ороста, зимни суҳбат бо масъулини соҳа таъкид сохт, ки сифати истеҳсолу истихроҷи ангиштро боз ҳам беҳтар намоянд.Ҳамчунин Сарвазири ҷумҳурӣ бо ҳолати истифодаи иншооти муҳими коммуникатсионии даврони истиқлолияти мамлакат — нақби “Шаҳристон” шинос шуд.Оқил Оқилов дар ноҳияи Ғончӣ аз “Зеристгоҳи барқии Суғд -500” низ дидан кард. Ӯ зимни шиносоӣ бо фаъолияти ин иншооти ҳаётан муҳим ва суҳбат бо мутахассисон ва кормандони зеристгоҳ аз аҳамияти ин иншоот дар таъмини қисмати шимоли кишвар бо нерӯи барқ ёдовар шуда, барои дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани ин иншооти стратегӣ дастуру супоришоти мушаххас дод.Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо корҳои барқароркунии пули сойи “Ширинсой” дар роҳи автомобилгарди Хуҷанд — Зафаробод низ шинос шуд. Мавриди зикр аст, ки ин пули мошингардро чанд сол муқаддам сел шуста буд ва ба ҷои он ҳоло сохтмони пули нав оғоз ёфтааст. Лоиҳаи пули нав аз ҷониби мутахассисони ватанӣ тарҳрезӣ шуда, 45 метр дарозӣ ва 12 метр бар дорад. Арзиши лоиҳавии он 5 миллион сомонӣ буда, аз ҷониби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ барои марҳилаи аввал 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.Оқил Оқилов аз оғози бунёди пули нав, ки барои ин минтақаи вилоят хеле зарур аст, изҳори қаноатмандӣ карда, аз сохтмончиён тақозо намуд, ки ба сифати корҳо аҳмият диҳанд.Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов зимни шиносоӣ ва таҳқиқи ҳолати воқеии пойгоҳи обкашии “Мирзочул-1” – и ноҳияи Зафаробод зикр дошт, ки бо дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати мукаммалгардонии шабакаи обрасонӣ, вусъати корҳои мелиоративӣ бо назардошти таъмини амнияти озуқавориии мамлакат дар мавсими имсола тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.Аз ҷумла, соли равон ба ноҳияи Зафаробод аз буҷаи марказӣ 10,3 миллион сомонӣ ҷудо гардида, ба пойгоҳи барқии обкашии “Мирзочул-1” агрегати нав харидорӣ шуд, ки ҳаҷми обрасониро зиёд ва боэътимод менамояд. Дар ин маврид зарурияти кори босамари коргарону мутахассисони пойгоҳҳои обкашӣ ва дар маҷмуъ, шабакаҳои хоҷагии обро хотиррасон шуда, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба шароити корӣ, зиёд ва сари вақт пардохт намудани музди меҳнати коргарон ба масъулин супориш дод.Дар ҷараёни сафар ба ноҳияи Зафаробод Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо ҷараёни кори фабрикаи ҷӯроббарории «Наврӯз» низ шинос шуд. «Наврӯз» аз корхонаҳои навтаъсиси ноҳия буда, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст. Ҳоло 90 нафар дар ин ҷо бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд. Минбаъд бо бунёди иқтидорҳои нав шумораи онҳо ду баробар афзуда, то ба 200 нафар мерасад.Бо истифодаи хати навбатии технологӣ истеҳсоли навъҳои гуногуни ҷӯроб бамаротиб афзоиш ёфта, корхона ҳаҷми содироти маҳсулотро зиёд менамояд.

Май 22, 2013 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад