Боздошти ҷинояткорон дар ноҳияи Рашт

Май 4, 2013 09:59

Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар ноҳияи Рашт 3 нафар сокинони маҳаллӣ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои нашъадор ва дигар ҷиноятҳои вазнин дастгир карда шуданд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дастгиршудагон — Шоҳиҷангиев Абдулҳамид Абдураҳмонович соли таваллудаш 1979, Муминов Раҳматулло Ятимович, соли таваллудаш 1966 ва Ҳакимов Қамараддин Абдуллоевич соли таваллудаш 1967 мебошанд. Аз ҷумла, ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии шаҳрванд Шоҳиҷангиев Абдулҳамид аз дохили ҷевони ошхона 1 адад туфангчаи тамғаи «Макаров» бо 3 тирдон ва 61 дона тир, 5 адад тири қутраш 70 милиметраи карабин, 4 адад норинҷаки дастии РГД-5 ва 8 дона қаламчаи воситаи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.Аз манзили истиқоматии шаҳрванд Муминов Раҳматулло ва махфигоҳи ба ӯ тааллуқ дошта, 1 адад автомати тамғаи «Калашников» ва 14 адад тирдонҳо, 6 норинҷак ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира гардида, ӯ инчунин дар содир намудани дигар ҷиноятҳои вазнин низ гумонбар дониста мешавад.Шаҳрванд Ҳакимов Қамараддин низ дар нигоҳдории ғайриқонунии яроқу лавозимоти ҷангӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона гумонбар дониста мешавад.Нисбати шахсони мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Май 4, 2013 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш