Боздошти донишҷӯён дар фурӯши маводи мухаддир
Душанбе,22 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни як чорабинии фаврию ҷустуҷӯӣ аъзои як гуруҳи ҷиноятпешаро, ки ба хариду фурӯши маводи нашъаовар дар ҳудуди вилоят машғул буданд, ошкор ва дастгир карданд.Тавре ки дар ин бора сомонаи агентии мазкур хабар медиҳад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсат се нафар сокини вилоятро дастгир карданд, ки ду нафараш донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мебошад.Гуфта мешавад,ташкилкунандаи гуруҳи ҷиноятии мазкур сокини 36-солаи шаҳри Хуҷанд мебошад ва пеш бо моддаи 237 (авбошӣ) Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст. Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии ҷои истиқоматии ташкилкунандаи ин ҷиноят, миқдори дигари маводи нашъаовари навъи ҳашиш ёфт ва мусодира шудааст.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 қисми 3 КҶ ҶТ муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо мақсади фурӯш) оғоз шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






