Бунёди кӯпруки нав дар Сурхоб
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар»). – Кӯпруки нави дарёи Сурхоб деҳаҳои дурдастро бо шаҳрҳо пайваста, дар ҳолатҳои фавқулодда ҳаёти мардумро аз хавфу хатар наҷот дода ва ба рушди соҳибкории хурду миёна мусоидат мекунад. Акнун сокинони 19 деҳа метавонанд, ки тавассути ин кӯпрук дарёи Сурхобро убур намуда, аз хидмати беморхонаҳо ва мактабу бозорҳои маркази ноҳияи Рашт бархӯрдор шаванд. Мувофиқи хабари намояндагии Бонки рушди Осиё воқеъ дар Тоҷикистон, соли 2007 бонки мазкур тавассути Хазинаи коҳиш додани камбизоатии Ҷопон кӯмаки бебозгаштро дар ҳаҷми 2 миллион доллари ИМА барои таъмини шароити беҳтари зиндагии мардуми деҳот маъқул ёфта буд.Кӯпруки нав вазъи ба бозорҳо бурдани маҳсулоти кишоварзиро беҳтар сохта ва хароҷоти нақлиётии фермерҳои маҳаллиро коҳиш медиҳад. Бо назардошти аҳамияти хидматрасонии доимии техникии кӯпрук дар ҳошияи лоиҳа ассотсиатсияҳо ва хазинаҳои хидматрасонии кӯпруку роҳҳо таъсис ёфтаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






