Чакани асрҳои 2-3-и милодӣ дар Осорхонаи мардумшиносӣ
Душанбе,20 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Намунаи порчаҳои либоси занонаи гулдӯзии мутааллиқ ба асрҳои 2-3-и милодӣ аз қабристони Иттифоқи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ёфт шудааст ва дар Осорхонаи мардумшиносии пойтахт нигоҳ дошта шудааст.Бино ба гуфтаи масъулини осорхонаи мазкур ҳангоми кушодани қабр матои пахтагин хеле афсурдаву рехта буд ва таъмиргар Елкина А.К боқимондаҳои матоъро тармим ва барқарор намудааст. Бино ба корҳои таъмирии Елкина муайян гардидааст, ки матои мазкур аз ресмонҳои ранга оро ёфтааст ва бори аввал дар таърих истифодаи санъати Мережкаро муайян кардааст. Нақшҳои матоъ аз шаш гули Дарахти ҳаёт ё дарахти оламшумул, ки бо риштаҳои зарҳалин (латун) ва абрешимӣ дӯхта шудаанд, иборатанд. Чаканҳои мазкур лаби доман ё рӯймоли занонаро, ки дар матои гулобӣ дӯхта шудааст, оро медиҳанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






