Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар»). – Дар пойтахти Швейтсария шаҳри Берн тасмим гирифта шуд, ки ба кишвар ворид шудани шумораи зиёди қувваҳои арзони кор ҷилавгирӣ карда шавад. Шаҳрвандони Швейтсария талаб карданд, ки сарҳадҳои кишвар баста шаванд.
ххх 1 май дар шаҳраки Хову – Аксии ноҳияи Чеди – Холи Тува 1 нафар корманди пулис ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматиаш кушта шуд. Ҷинояткор дастгир гардида, нисбат ба ӯ парвандаи ҷинояӣ кушода шудааст.
хххХадамоти амнияти Чад кӯшиши табаддулоти давлатиро , ки зидди президенти ин кишвар Идрис Деби нигаронида шуда буд, ҷилавгирӣ намуд. Ҳамаи сӯиқасдчиёни гумонбар дастгир гардида ва ба мақомоти прокуратура супурда шудаанд.
хххДар интернет сабти аз асп афтидани прездинети Туркманистон Қурбонгулӣ Бердиҳаммедов, ки дар пойгаҳ бахшида ба таҷлили рӯзи човандози туркман иштирок дошт, намоиш дода шуд. Ин ҳодисаи нохуш рӯзи якшанбеи гузаштаи 28 апрел рух дод. Баъдан маълум гардид, ки Бердимуҳаммедов ҷароҳати ҷиддӣ набардоштааст ва баъди як соат дар назди издиҳоми мардум пайдо гардид. Ғолиби пойгаҳ Бердимуҳаммедов баробари қариб 11 миллион доллари ИМА мукофот гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






