Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Май 6, 2013 11:19

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки дар эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳеҷ яке аз иттиҳодияҳои байналмилалие, ки истиқлолияти кишварро халалдор месозанд, ширкат нахоҳад кард. Мувофиқи суханони Назарбоев, дар ҷаҳон коршиносони сиёсие ҳастанд, ки ба ҳамгироии АвруОсиё «аз паси шишаҳои хираи давраҳои ҷанги сард назар мекунанду ин шишаи хира ҳақиқатро доғдор месозанд».хххСуди шаҳри Қазони Федератсияи Русия ба баррасии парванда дар бораи садамаи киштии «Булгария» шурӯъ мекунад. Дар ин қазия 5 нафарро барои сӯистеъмоли ваколатҳои мансабӣ ва вайрон кардани қоидаҳои истифодаи нақлиёти обӣ айбдор намудаанд.хххҲукуматдорони шаҳри Кэмбриҷ, ки Тамерлан Сарнаев дар он зиндагӣ мекард, ҳамчунин ҳукуматдорони музофотҳои Коннектикут ва Ню – Черсии Амрико аз мадфун кардани ӯ дар қабристонҳояшон рӯ гардониданд. Ҳоло ҷасади Сарнаев дар мурдахонаи шаҳри Вустер қарор дорад.ххххСобиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусёлистӣ, профессор Владимир Этуш 90 – солагии зодрӯзаашро таҷлил мекунад. Номбурда 70 – соли ҳаёти эҷодию самарабахшашро сарфи театри ба номи Вахтангов кардааст. Этуш ба ифтихори зодрӯзаш намоишномаи наверо манзури ҳаводорони санъат таҳия намуд.

Май 6, 2013 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд