Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Май 6, 2013 15:24

Куштори сарбоз дар Мали Душанбе, 6 май .(АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои www.rg.ru дар қаламрави Мали боз як сарбози артиши миллии Франсия кушта шуд. Аз оғози ҳузури низомиёни Франсия дар Мали 6 сарбози ин кишвар дар ҷараёни набард ва таркишҳо қурбон гардидаанд. Бояд гуфт, ки ҳодисаи навбатӣ дар қисми шимолии кишвар ба амал омадааст. Дар хусуси шахсияти сарбози қурбоншуда ва маҳали дақиқи фоҷеа маълумоти муфассал дода нашудааст. Президенти Франсия Франсуа Олланд ба наздикону пайвандони сарбози қурбоншуда изҳори тасаллият намуда, ваъда дод, ки дар зудтарин фурсат ҳамаи сарбозони кишвар аз Мали бароварда мешаванд. Сарбозони Фаронса бо мақсади мубориза бар зидди ҷангиёни ифротгаро моҳи январи соли ҷорӣ ба ин кишвар сафарбар шуда буданд. Обхезии шадид дар Амрико Душанбе, 6 май .(АМИТ «Ховар»).-Муддати чанд рўз мешавад, ки шаҳри Ҳюстони ИМА дар ҳалқаи обхезии шадид қарор дорад. Аз сабаби баландии сатҳи об ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкил гардидааст. Мутахассисон мегӯянд, ки чунин боришоти зиёди борон эҳтимол боз чанд рӯзи дигар давом ёбад. Дар хусуси талафоти ҷонӣ ва хисороти молии офати табиӣ то кунун ягон маълумоти дақиқ дода нашудаст. «Пэжо» 5 миллиард евро зарар дид Душанбе, 6 май .(АМИТ «Ховар»).- Тавре ки дар торномаи интернетии www.rbc.ru навишта шудааст, ширкати автомобилсозии «Пэжо Ситройен»-и Франсия дар солҳои 2011 ва 2012 зарари бештар дидааст. Бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз муфлисӣ ширкати мазкурро лозим меояд, ки дар давоми ду соли оянда 8 ҳазор корманди худро ихтисор карда, илова бар он, фаъолияти корхонаашро дар минтақаи Оне-су-Буаи наздикии Париж қатъ созад. Тобистони соли гузашта дар пайи вазъи нохуби иқтисодӣ роҳбарияти ширкат тасмим гирифт, ки 11 ҳазор корманди худро ихтисор намояд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Май 6, 2013 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд