Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Май 7, 2013 13:17

Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар»). – Рӯзи душанбеи 6 май дар майдони Болотнаяи шаҳри Маскав ба ифтихори солгарди «Роҳпаймоии миллионҳо» ҳамоиши намояндагони мухолифин баргузор гардида ва он бо задухӯрди ҳамоишгарон бо кормандони идораи пулис анҷом ёфт.хххДар се хонаи шахсии шаҳри Буйноқи Доғистон се асбоби тарканда безарар гардонида ва соҳиби яке аз хонаҳо дастгир карда шуд. хххКормандони алоқаи Русия рӯзи 7 майро чун иди касбии худ, яъне Рӯзи Радио таҷлил менамоянд. Олими соҳаи физикаи Русия Александр Попов соли 1895 маҳз дар ҳамин рӯз бо истифода аз аввалин аз дастгоҳи радио мухобира намуда буд.хххМаросими дафни Борис Березовский боз як муаммои нав гардид. Хешу таборони ӯ ваъда медиҳанд, ки ин маросим вақтҳои наздиктарин сурат мегирад, вале санаи аниқи онро номбар намекунанд. Пулиси Лондон хабар додааст, ки маросими дафни Борис Березовский бояд имрӯз, 7 май, баргузор шавад.

Май 7, 2013 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад